Пайвандҳои дастрасӣ

40 сол пеш, ҷаҳон шоҳиди он гашт, ки тонкҳои Маскав вориди Чехословакия шуда, ислоҳоти мардумии ин кишварро ноком карданд ва "Баҳори Праг"-ро ба зимистони тира табдил доданд.

Фароянди "Баҳори Праг" дар моҳи августи соли 1968 фавтид. Ва ҷои онро барои ду даҳа зимистони сард ишғол намуд. Имрӯз бисёриҳо ба он давра менигаранд ва сабақҳои онро баррасӣ мекунанд.

Манзараи ворид шудани тонкҳо ба Гурҷистон барои онҳое, ки аз Прог онро мебинанд, хотираҳои дигареро зинда мекунад.

Бисёре аз шореҳон ва сиёсатмадорон, ба монанди вазири умури хориҷии Амрико, ҳодисаҳои ахири Гурҷистонро бо рӯйдодҳои чиҳил сол пеши Чехословакия ташбеҳ доданд. Худи чехҳо низ.

Журналисти Радиои Чех, Ян Беднар, мегӯяд, душвор аст, вақте хабарҳои шомгоҳиро дар телевизион бинию Праги чил сол пеш ба ёдат наояд. Аммо шабоҳат фақат то ҳамин ҷост.

"Тафовути бузург, ки наметавон надид, ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди аврупо ба ташаннуҷи миёни Гурҷистону Русия дахолат мекунанд. Дар соли 1968 дар мавриди Чехословакия чунин нашуда буд. Вошингтон ва тамоми Аврупои Ғарбӣ авзоъро ба гунае ки буд, пазируфта буданд. Онҳо қабул доштанд, ки Чехословакия ба минтақаи нуфузи Шӯравӣ мансуб аст."

Чехҳо ва словакҳо маҷбур буданд, худашон ба ҳуҷуми таҳти сарварии Шӯравӣ муқовимат кунанд.

Субҳи зуди рӯзи 21-уми августи соли 1968 на телевизион буд, ки воқеъаро нишон дод. Он вақт СNN вуҷуд надошт.

Мардум дар соати дуи шаб аз ғурриши тонкҳо бедор шуд ва сипас ин эълони Радиои давлатии Чехословакияро шунид:

"Дирӯз, 20-уми августи соли 1968, наздикиҳои соати 11-и шаб, нерӯҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Халқии Полша, Ҷумҳурии Демократии Германия, Ҷумҳурии Халқии Венгрия ва Ҷумҳурии Халқии Болгария аз сарҳади Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия гузаштанд. Ин ҳодиса бе огоҳии президенти Чехословакия, раиси маҷлиси миллӣ ё сарвазир ва котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чехословакия ва дигар ашхоси расмӣ ба амал омад."

Иброҳим Исоев аз Қазоқистон он вақт ронандаи тонк буд ва мегӯяд:

"21-уми август, ҳоло озод метавон гуфт, мо Чехословакияро ишғол кардем."

Хонуми ҳоло шастсолаи чех, Ивона Долежалова он вақт 19-сола буд:

"Садои ҳавопаймоҳоро мешунидам ва атроф такон мехӯрд, зеро тонкҳо ба Праг даромада буданд."

Баҳори соли 1968 ҳукумати Чехословакия таҳти раҳбарии пешвои Ҳизби коммунисти он Александр Дубчек ба ислоҳоти демократӣ муваффақ шуд, ки бо номи "чеҳраи инсонии сотсиализм" машҳур гашт, аммо ба сарони шӯравӣ писанд набуд.

То тобистони он сол сонсур дар Чехословакия лағв гардид ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаву баҳсҳои ошкоро ба авҷи худ расид. Фаъолиятҳои соҳибкорона ва озоди иқтисодӣ сар шуд.

Баъзеҳо ҳатто куллан бунёди режими коммунистиро зери суол бурданд.

Баҳори Праг ба ҳамсоягонаш низ асар мекард, аммо аъзои Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Шӯравиро ба нуқтаи олии асабоният мерасонд. Ҳамин тариқ моҳи август тоқати шӯравиҳо тоқ шуд.

Нерӯҳои шӯравӣ дар Праг пеш аз ҳама дар ҷустуҷӯи дафтари радио шуданд, чунки мардум аз он дар бораи авзоъ иттилоъ мегирифт.

Ивона Долежалова мегӯяд: "Агар онҳо матбуотро мегирифтанд, маълум, ки кишвар аз даст мерафт. Вале баъдаш ҳама чиз, тавре ки интизор мерафт, ба хушунат печид. Пас ман ғайб задам. Намехостам, кушта шавам."

Павел Пеҳачек, ки он замон корманди ин радио буд, мегӯяд:

"Наздики нимирузй шуравиҳо биноеро ёфтанд, ки студия он чо буд, дар айни пахши барнома ва барномаро қатъ карданд. Сипас гӯё мӯъҷиза руй дод. Русҳо тамоми Прагро мегаштанд, аммо студияи хурди Радиои Чехословакро пайдо карда наметавонистанд. Одамон номи кӯчаҳоро аз деворҳо нест карда буданд ва шӯравиҳо раҳгум заданд. Радио чанд рӯз пинҳонӣ гузориш медод."

Рӯзҳои баъд низ дар кӯчаҳо миёни сарбозони шӯравӣ ва мардуми маҳаллӣ баҳсу кашокашҳо ба вуқӯъ мепайваст:

Як зан мегуфт, хатои бузург аст, ки рӯзномаву маҷаллаҳои шӯравӣ ҳақиқатро наменависанд. Агар ҳақиқатро мегуфтанд, шуморо зарур намеомад, ки ин ҷо биёед. Ин ҷо аксулинқилобе нест, онгуна ки рӯзномаҳои шумо менависанд. Сарбози шӯравӣ посух медод, ки танҳо фармонро иҷро мекунад.

Ин фармон буд, ки раҳбари мамлакат Александр Дубчек ва ҳамаи ҳукуматро боздошт кардаву ба Маскав интиқол доданд ва онҳо амалан маҳбус буданд ва аснодеро имзо карданд, ки ишғолгарии шӯравиро зоҳири қонунӣ дод. Танҳо як узви Кумитаи марказӣ, Франтишек Кригел аз имзои Протоколи Маскав сарпечӣ кард.

Дар моҳҳои баъд аз миллионҳо нафар чех ва словак талаб мешуд, ки номаҳои ҳимоят аз ёрии бародаронаи халқҳои бародарро имзо кунанд.

Аммо дар Прог таронаҳое садо медод аз ин қабл:

"Бишитоб ба хонаат, Иван. Духтарони ин ҷо туро дӯст намедоранд."

Шоҳиди ҳодисаҳо, Ивона Долежалова мегӯяд:

"Дар байни мардуме, ки ба кӯчаҳо рехтанд, як ҳамбастагии боварнакарданӣ ҳоким буд ва онҳо ба гуфтушунид бо русҳоро пардохтанд. Ин ҷо ҳамчунин танз ҳам буд, зеро он дар хуни мост. Мо шиорҳое дар даст доштем, ки "Иван, хонаат рав, Наташа туро интизор!" ва монанди инҳо."

Ивонаро, ки мухолифи ишғоли кишвараш буд, дар ҳеч куҷо ба кор намегирифтанд. Корманди радио Павел Пеҳачек монанди 200 ҳазор аз ҳамватанонаш ба Ғарб ҳиҷрат кард ва раиси бахши чехии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шуд.

Дар соли 1969 ба ҷои Дубчек Густав Гусак раҳбари Чехословакия гашт. Дубчек аз ҳизб ронда шуда, корманди ҷангалбонӣ шуд.

Ҳарчанд аз он рӯзҳои чиҳил сол гузашт, чехҳо ва словакҳо вақте дар телевизион Гурҷистонро мебинанд, захми дерина боз мешавад ва тавре ки онҳо мегӯянд, як ҳароси бузурге, ки солҳост онро аз худ берун мефишоранд, дубора ба ҷумбиш меояд.

XS
SM
MD
LG