Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Зебо»-и Учқӯрғон ва фарҳанги тоҷик


Ду аъзои дастаи "Зебо"-и Учқурғон

Ду аъзои дастаи "Зебо"-и Учқурғон

Дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, олимону фозилон ва ҳунармандони зиёдро зодаву парварида шудаанд, ки дар пешрафти забону фарҳанги миллати тоҷик саҳми хешро гузоштаанд.

Ин раванди нек, хушбахтона, ҳамоно идома дорад.
Дар Учқӯрғон бештар аз 30 000 аҳолӣ ба сар мебарад, ки ҳудуди 24 000 нафари онҳо тоҷиктабор ҳастанд. Ҳанӯз соли 1993 дар назди Бунёди фарҳанги тоҷикони Қирғизистон, ки дафтари марказии худро дар деҳаи Учқӯрғон таъсис дода буд, таҳти сарварии овозхон Ҳасан Аблазов дастаи ҳунарии «Зебо» арзи вуҷуд намуд. Ин даста як гурӯҳ ҷавонони деҳаҳои Учқӯрғон ва Тоҷикқишлоқро дар худ ҷамъ овард, ки то имрӯз фаъъолият мекунад.
Яке аъ аъзои ин даста Ширмонхон Марасулова, ки Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Тошкандро хатм карда, феълан дар мактаби деҳа ҳамчун омӯзгор шуда кор мекунад, мегӯяд, хондани махсусан сурудҳои классикии «Ушшоқи Самарканд», «Дугоҳ» ва «Тановор»-ро хеле дӯст медорад.
Амриддин Кабирӣ, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ки ба ҳайси меҳмон дар деҳаи Учғӯрғон ҳузур дошт, изҳор намуд, ки ҳунари хуби аъзои ин даста хеле писандаш омадааст, ва, хушбахтона, бо баҳонаи Анҷумани 5-уми тоҷикони Қирғизистон ба вай муяссар гардид, ки меҳмони мардуми деҳаи Учқӯрғон шавад: «Аз фурсати муносиб истифода карда, ман бо аҳли фарҳангу ҳунари ин деҳаи зебоманзар ошно шудам. Ба вижа, ҳунарнамоии дастаи «Зебо», ки бо таронаву рақсҳои дилнишини худ дили мо, меҳмононро, ба ваҷд овард, лоиқи тавсиф аст. Вале, мутаассифона, дурии роҳ ба шаҳри Бишкек ба ин даста имкон намедиҳад, ки ҳунару истеъдоди худро ба аҳли санъатписанди пойтахти Қирғизистон намоиш диҳанд.
Амриддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки дар миёни ҷавонписарону ҷавондухтарони учқӯрғонӣ, ки аъзои ин даста ҳастанд, чанд нафар, воқиъан, соҳиби истеъдоди баланд мебошад ва шояд дар оянда бо ҳамкории Созмони тоҷикони Қирғизистон, ки дафтари марказии худро аз Учқӯрғон ба Бишкек интиқол дод, чанде аз онҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Бишкек ва Душанбешаҳр ҷалб намоем.
Гуфтанист, ки ба наздикӣ нашриёти «Адиб»-и Душанбешаҳр маҷмӯъаи нави шоири тоҷики муқими Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғониро таҳти унвони «Таҷрибаи рӯзгор» чоп намуд. Ин китоби севвуми шоир Учқӯрғонист, ки ба дасти мухлисони каломи бадеъ расидааст.
XS
SM
MD
LG