Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино бар иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон, аз авоили соли ҷорӣ то бад-ин сӯ арзиши маводи ғизоӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 11 дар сад афзуда, қиммати сабади истеъмолӣ барои як нафар узви хонадон беш аз 89 сомониро ташкил додааст, ки ҳудуди 26 доллари амрикоӣ мебошад.

Бар илова, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, қиммати колоҳои ғайриистеъмолӣ беш аз 3 дарсад ва хидматрасонӣ беш аз 18 дарсад афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳадди ақалли моҳонаи мардум дар Тоҷикистон 60 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 17 доллари амрикоист.

Аз ин ҷост, ки бисёре аз созмонҳои байнулмилалӣ аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки Тоҷикистон амнияти ғизоии худро аз даст додааст. Бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, агар воридоти маводи ғизоӣ ба кишвар бист дарсадро ташкил кунад, дар он сурат метавон гуфт, ки ин ҷумҳурӣ амнияти ғизоӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон, ин арқом дар ҷумҳурӣ чаҳор баробар зиёд аст ва тақрибан 80 дарсади маводи ғизоиро Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунад. Ба гуфтаи Нуриддин Қаюмов, маводи воридотӣ на чою қаҳва ва ё дигар анвоъест, ки дар Тоҷикистон тавлид намешавад, балки ба гуфтаи вай, Тоҷикистон маводеро ворид мекунад, ки дар гузашта дар худи корхонаҳои ҷумҳурӣ тавлид мешуд. Барои мисол, равғани растанӣ, гушт ва тухм, ки дар ҳоли ҳозир 75 дарсади ниёзи мардум аз хориҷа ворид мешавад.

Любов Жданова, раиси Идораи тиҷорат ва равобити хориҷии Кумитаи омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ниёзи мардуми Тоҷикистон бо орду ғалла дар соли гузашта 950 000 тоннаро ташкил дода буд. Аз ин 650 000 тоннааш ғаллаи ватанӣ мебошад. Ҳудуди 40-45 %-и ниёзи худро Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки орд маводи аслии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд ва дар ҳоли ҳозир, арзиши як нони сесадграммӣ нисбат ба 5 моҳи қабл 50 % боло рафта, вазни ин нон низ дар ҳудуди 30% коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, қиммати биринҷи ватанӣ ва воридотӣ 50% боло рафтааст.

Ба эътиқоди Рустам Мирзоев, коршиноси иқтисод, давлате, ки истиқлоли ғизоиро аз даст медиҳад, тавони таъмини амнияти миллиро низ надорад.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, раиси бахши иқтисоди меҳтар (макроэкономика) дар Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон низ бар ин назар аст. Оқои Умаров роҳи берунрафт аз ин бӯҳронро дар баҳрабардории комил аз захира ва тавони Тоҷикистон медонад. Ӯ мутмаин аст, ки дар сурате, ки бахши кишоварзӣ аз технологияи ҷадид ва васоили фаннии нав истифода барад ва масъалаи обёриро танзим кунад, дар он сурат метавонад ниёзи мардумро саддарсад бо ғаллаи ватанӣ таъмин кунад. Ба гуфтаи оқои Умаров, дар чанд соли ахир баҳрабардорӣ аз замин дар Тоҷикистон бо усул ва шеваҳои асримиёнагӣ сурат мегирад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, дар сол ду ҳосили ғалла руёнида шавад. Гузашта аз ин, оқои Умаров ба арқоми Вазоати кишоварзӣ дар мавриди баҳрабардорӣ аз заминҳои нав, бунёди боғҳои тоза, ва ҳамчунин ба арқоми Кумитаи омор дар бораи болоравии арзиши маводи ғизоӣ, ки гӯё дар 6 моҳ 11%-ро ташкил додааст, шак дорад. Ба эътиқоди вай, қиммати анвоъи маводи ғизоӣ аз 25 то 50 % боло рафтааст, ки ба афзоиши мизони фақр дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.

XS
SM
MD
LG