Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистону ИМА: тасвиби созишномаи мушакӣ


Вузарои хориҷаи ИМА ва Лаҳистон Кондолиза Райс ва Радослав Сиковскӣ баъди тасвиби созишнома
Вузарои хориҷаи ИМА ва Лаҳистон Кондолиза Райс ва Радослав Сиковскӣ баъди тасвиби созишнома

Дирӯз, 20-уми август, Амрикову Лаҳистон дар шаҳри Варшава ба созишномаи, ба истилоҳ, мушакӣ, имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, ки имзои ин созишнома роҳро барои истиқрори як бахши сипари зиддимушакии Амрико дар ин кишвар боз мекунад. Вале, дар ҳамин ҳол, Русия ин созишномаро таҳдид ба амнияти худ меномад ва раисиҷумҳури ин кишвар Дмитрий Медведев гуфтааст, ки Маскав тадобири ҷавобӣ хоҳад андешид.
Як генерали баландпояи рус дар ҳафтаи гузашта гуфт, акнун дар сурати сар задани низоъ бо Маскав Лаҳистон “сад дарсад” ҳадафи заработ қарор хоҳад гирифт.
Амрикову Лаҳистон дар посух ба интиқодоти Русия мукарраран изҳор доштанд, ки сипари дифоъи зиддимушакии Амрико, ки дар Лаҳистону Чехия мустақар хоҳад шуд, бар зидди Маскав нест. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки аз ҷониби Вошингтон ба созишномаи мушакӣ бо Лаҳистон имзо гузошт, рӯзи чоршанбе дар Варшава гуфт, тавофуқи байни Вошингтону Варшава алайҳи касе нест: «Ин созишномаест, ки ба мо дар амри посух додан ба чолишҳои асри 21 кумак хоҳад кард. Ин созишномаест, ки ҳамкории байни Амрикову Лаҳистонро дар масоили дифоъӣ амиқтар мекунад. Ин ҳам ба паймони NАТО ва Лаҳистон ва ҳам ба ИМА дар амри муқобила ба чолишҳои оянда кумак хоҳад кард».
Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико, таҳдиди мушакҳои дурпарвози кишварҳое, чун Эрон ё Кореяи Шимолиро аз ҷумлаи чунин чолишҳо ном гирифт. Аммо нозирон дар айни ҳол ба як нуктаи дигар ҳам ишора мекунанд, ки баъд аз 18 моҳи музокироти тӯлоние, ки вориди бунбаст шуда буд, Варшава ғайриинтизор ба имзои ин қарордод дар айни авҷи низоъи байни Гурҷистону Русия розӣ шуд.
Имзои ин қарордод ба Лаҳистон – узви нисбатан ҷадиди ҳам паймони NАТО ва ҳам ИА – имкон дод, дар ин низоъ худро ба таври рӯшан дар канори Ғарб қарор диҳад.
Раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ гуфт, Варшава мустақилона ҷиҳати имзои ин қарордод бо Амрико тасмим гирифтааст. Качинскӣ дар як паёӣми телевизионӣ ҳанӯз дар арафаи имзои қарордоди мушакӣ гуфт, истиқрори сипари зиддимушакии Амрико мавқеъи кишварашро дар ҷаҳон тақвият дода, нақши геополитикии Лаҳистонро исбот мекунад: "Имрӯз – 20 августи соли 2008 – барои ман як рӯзи комёбӣ ва хурсандист".
Бар асоси қарордоди имзошуда, Вошингтон барнома дорад, аз соли 2011 то соли 2013 дар Лаҳистон 10 боздорандаи мушакҳояшро насб кунад. Ин боздорандаҳо ҳамроҳ бо пойгоҳи назорати мушакҳо, ки ҳамзамон дар Ҷумҳурии бо Лаҳистон ҳамҷавори Чех мустақар мешавад, бахшҳои сипари ҷадиди зиддимушакии Амрико хоҳанд шуд.
Лаҳистон дар ивази истиқрори 10 боздорандаи мушакҳо аз Амрико як маҷмӯъаи бузурги ёриҳои низомӣ, бо шумули 96 мушаки дифоъи ҳавоии Пэтриотро дарёфт хоҳад кард.
Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск рӯзи чоршанбе дар маросими имзои қарордоди мушакӣ бо Амрико дар Варшава гуфт, Амрикову Лаҳистон ҳамкориҳои амниятии худро дар оянда боз ҳам тавсиъа хоҳанд бахшид.

Ин дар ҳолест, ки барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дер боз мояи хашми Русия шудааст. Русия ин сипари зиддимушакиро таҳдид ба амнияти худ мешиносад ва раиси он ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев қаблан таҳдид карда буд, ки Маскав тадобири ҷавобӣ хоҳад андешид. Муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Анатолий Ноговитсин дар ҳафтаи гузашта гуфта буд, акнун дар сурати сар задани низоъ бо Маскав Лаҳистон “сад дарсад” ҳадафи заработи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт.
Расонаҳои русӣ, ки дар ин авохир дар қиболи Лаҳистон бо як лаҳни хеле тунд сӯҳбат мекунанд, дар рӯзҳои низоъи байни Гурҷистону Русия ба тавофуқ расидани Вошингтону Варшаваро як далели дигари яқинан бар зидди Маскав нигаронида шудани ин сипари ҷадиди зиддимушакӣ талаққӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG