Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар минтақаҳои ҳоил боқӣ хоҳад монд


Русия гуфтааст, нирӯҳояш дар минтақаи ҳоил ё буферии атрофи Осетияи ҷанубӣ то замоне ки Маскав лозим бидонад, боқӣ хоҳанд монд. Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия гуфт, нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия ҳаққ доранд, дар минтақаи буферии атрофи Абхозистон, минтақаи дигари ҷудоиталаби Гурҷистон низ фаъолият кунанд. Ӯ афзуд, минтақаи ҳоил роҳи шаҳри Сенаки, мақари пойгоҳи низомии Гурҷистонро низ дар бар мегирад.

Бархе тонкҳову зиреҳпӯшҳои Русия рӯзи 19 август аз шаҳри Горӣ хориҷ шуданд, вале паймони низомии НАТО гуфтааст, тамосҳояш бо Маскавро то замони хуруҷи пурраи нирӯҳои Русия аз Гурҷистон қатъ мекунад. Кремлин аз қавли раисиҷумҳури Русия овардааст, ки нирӯҳои Русия то таърихи 22 август аз Гурҷистон берун хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG