Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди мушакӣ байни Амрикову Лаҳистон имзо шуд


Амрикову Лаҳистон, ё худ Полша, имрӯз дар Варшава созишнома дар бораи истиқрори як бахши ипари зиддимушакии Амрико дар қаламрави ин кишвари Аврупои шарқиро имзо карданд. Ба ин созишнома, ки музокироташ 18 моҳ тӯл кашид, вузарои хориҷаи ду кишвар Кондолиза Райс ва Радек Сикорски имзо гузоштанд. Қарордоди мушакӣ бо Амрико бояд акнун аз сӯи парлумони Лаҳистон низ тасвиб шавад.

Кондолиза Райс дар маросими имзои созишнома гуфт, сипари зиддимушакӣ "комилан дифоъист": “Ин созишномаест, ки албатта, пойгоҳи зиддимушакиро дар Лаҳистон мустақар мекунад, пойгоҳи зиддимушакиеро, ки ба мо дар роҳи муқобила бо чолишҳои асри 21, бо таҳдиди мушакҳои дурпарвози аз сӯи кишварҳое, чун Эрон ё аз сӯи Кореяи Шимолӣ кӯмак мекунад.”

Маскав шадидан мухолифи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехия буда, мегӯяд, он бар зидди Русия аст. Аммо Вошингтон ин иддаоро радд карда мегӯяд, сипари зиддимушакиаш алайҳи кишварҳои шарр, ба мисли Эрон нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG