Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз авбошии ҷавонон дар Бритониё


Ситораи футболи Бритониё Дейвид Бекҳем ҷавонони кишвараш даъват кард, ки ба кордзанӣ хотима диҳанд, ки ахиран дар Бритониё афзоиш ёфтааст.

Ҳамроҳ гирифтани корд дар Бритониё ба қавле ба як фарҳанг табдил шудааст ва дар ин авохир муштзаниҳову моҷароҳои лафзии миёни ҷавонони мусаллаҳ бо корд ба кордзанӣ ва дар ниҳоят ба фоҷиа анҷом ёфтаанд.

Ситораи 33-солаи футболи Бритониё Дейвид Бекҳем танҳо футболбозе нест, ки аз ҳамватанони ҷавонаш хост, пеш аз мусаллаҳ шудан бо корд, ба қавле, ду маротиба фикр кунанд. Пеш аз Дейвид Бекҳем дарвозабони тими миллии Англия, Дейвид Ҷеймс ва ҳимоятгар Рио Фердинанд, низ аз ҷавонони бритониё хостанд, то ба кордзаниҳои фоҷиабор хотима диҳанд. Гордон Бровн нахуствазири Бритониё низ ба қавле аз ҷавонони кишвараш чунин илтиҷо кард.

Дейвид Бекҳем, ки ҳоло дар тими Лос Анҷелес Галаксии Амрико бозӣ мекунад, як достони талхи кордзаниеро ба ҷавонони бритониё ёдрас кард, ки дар синни 13-солагиаш шоҳид шудааст. Вай гуфт, бародари яке аз дӯстони беҳтаринаш ҳангоми халос кардани як ҷанги кӯчагӣ корд хӯрдааст ва аз он замон то кунун фалаҷ мебошад. Ҳангоми як суханронӣ дар шимолу ғарби шаҳри Лондон ҳамроҳ бо вазири умури дохилаи Бритониё Жак Смиф Дейвид Бекҳем гуфт, ҳеҷ кас намехоҳад чунин мусибатеро бубинад, ки дӯсти ӯ шоҳид шудааст. Вай афзуд, шумо ҳеҷ гоҳ ҳодисаеро интизор надоред, ки нафаре субҳ ба мактаб меравад ва шумо дигар ӯро ҳеҷ гоҳ намебинед.

Дейвид Бекҳем гуфт, боиси таассуф аст, ки мусаллаҳ будан бо корд ба як бахши фарҳанги ҷавонони бритониё табдил ёфтааст, ва аз он даъват кард, то аз ин одат даст кашанд. Нигарониҳо аз афзоиши кордзанӣ ва ҳалокати наврасону ноболиғон дар Бритониё нигаронии ҷомеаи ин кишварро барангехтааст.

Рӯзи шанбеи гузашта як ҷавони 17-сола дар Лондон аз захми корд ба ҳалокат расид ва шумораи қурбониёни кордзанӣ дар шаҳрро то ба 17 нафар расонд. Гордон Бровн, нахуствазири Бритониё, зимни баёнияе гуфт, кордзанӣ дар шаҳру шаҳракҳо ба як мушкилӣ ҷиддӣ табдил ёфтааст. Вай гуфт, ҷавонон бояд бидонанд, ҳамроҳ доштани корд, мисли ҳамроҳ доштани силоҳ кори хатарнок ва нодуруст аст.

Ба қавли Гордон Бровн, кормандони пулис ба танҳоӣ наметавонанд, ин мушкилро рафъ кунанд, балки бояд тарзи фикрронии ҷавононро доир ба доштани корд тағйир дод, ки дар ин амр кӯмаки хонаводаву ҷомеа ва албатта чеҳраҳои шинохтаву намуна, аз қабили футболбозон зарур аст.

Дар Тоҷикистон низ дар гузашта доштани корд як навъ фарҳанг дар миёни ҷавонони шаҳрӣ маҳсуб мешуд. Ҳарчанд ин падида ҳоло роиҷ нест, аммо ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон ҳоло ҳам зиёд аст ва онҳоро асосан барои авбошиву ғоратгарӣ ва дуздии моликияти шахсӣ ба зиндону мактабҳои махсус меандозанд.

XS
SM
MD
LG