Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ: Нирӯҳои Фаронса ба набард идома медиҳанд


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз дар Кобул пойбандии кишвараш ба тааҳҳудоти худ дар Афғонистонро изҳор дошт ва аз нирӯҳои фаронсавӣ даъват кард, ба набарди худ идома диҳанд. Сафари Саркозӣ ба Афғонистон дар пайи шабехуни пурқубоние, ки 10 сарбози фаронсавиро кушта ва 21 фаронсавии дигарро захмӣ барҷой гузошт, сурат гирифт.

Ин ҳамла аз пурқурбонитарин ҳамалоти ҷангиён алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон шинохта шуда, талафоти ҷониби Толибон дар он аз 20 то 30 нафар ҳисоб шудааст.

Саркозиро дар ин сафари кӯтоҳ ба Афғонистон вузарои хориҷа ва дифоъи Фаронса Бернар Кушнер ва Эрве Морен ҳамроҳӣ доранд ва ӯ имрӯз бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай низ мулоқот кардааст.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон тақрибан 180 сарбози нирӯҳои байналмилалӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG