Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдоиши нишонаи ҳаёт дар Миррих


Метаматоъ чист? Оё хондани фикри каси дигар имкон дорад? Акка худшинос аст? Мавҷудияти аммиак дар сайёраи Миррих чиро нишон медиҳад? Ба ин суъолҳо метавонед дар шумораи ҷадиди «Илм ва фанноварӣ» ҷавоб пвйдо кунед.

Кашфи сайёраи нав дар мадори Офтоб
Донишмандон мегӯянд, як сайёраи хурди ба тозагӣ дар мадори Офтоб кашфшуда ба ситорашиносон имкон хоҳад дод, ки табиъати шиҳобҳоро хубтар биомӯзанд. Ин сайёраи хурд, ки ҳанӯз номи мушаххас надошта, дар ҷадвалҳои ситорашиносӣ танҳо ҳамчун 2006 SQ 372 ёд мешавад, дар фосилаи 150 миллиард мил аз Офтоб қарор дошта, ҳар даври ҳаракаташ дар гирди Офтоб ба 22 500 соли заминӣ баробар будааст.
Аммиак дар Миррих
Дар пажӯҳишгоҳи Ожонси кайҳоншиносии Аврупо мегӯянд, дар фазои Миррих аломатҳои аммиакро пайдо кардаанд, ки метавонад аз вуҷуди ҳаёт дар ин сайёра дарак диҳад. Пажӯҳишгарон бар инанд, ки аломатҳои аммиак дар Миррих тавассути истгоҳи кайҳонии Марс-Экспресс ба даст омадааст.
Манбаъи пайдоиши гази аммиак дар фазои Миррих, ба гуфтаи ин олимон, танҳо микробҳо буда метавонанд ва ё вулқонҳои фаъъоле, ки дар он сайёра то ҳол кашф нашудаанд. Қаблан тавассути киштии кайҳонии амрикоии «Феникс Марс Лэндер» шавоҳиде дар бораи эҳтимоли мавҷудияти об дар сайёраи Миррих ба даст омада буд.
Олимони Бритониё, дар ҳамин ҳол, насли нави роботҳоеро муаррифӣ кардаанд, ки «Бруно» ва «Брэдлӣ» ном дошта, аз соли 2015 ба таҳқиқи замини сайёраи Миррих оғоз хоҳанд кард. Ин шашчархаҳо, ба эътиқоди донишмандон, назар ба ҳамтоёни амрикоии худ «Спирит» ва «Оппортюнитӣ» қобил ба тай кардани фосилаи хеле бештар будаанд.
Аммо феълан дақиқ нест, ки ин роботҳо тавассути кадом навъи киштиҳои кайҳонӣ ба Миррих интиқол хоҳанд ёфт. Донишмандони бритониёӣ мегӯянд, маблағе, ки барои сохтани чунин киштӣ ҷудо шуда буд, камӣ кардааст.
Мушакҳои дурпарвоз ва ҳамли таслиҳот
Эрон мегӯяд, рӯзи 17-уми август барои нахустин бор моҳворааш тавассути мушаки сохти худи ин кишварро ба кайҳон парт кардааст. Ин хабар ғолибан нигарониҳои Ғарб дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эронро бештар мекунад.
Чунин фанновариҳои дурпарвози мушакие, ки ҷиҳати бурдани моҳвораҳо ба кайҳон истифода мешаванд, метавонанд дар ҳамлу нақли таслиҳот низ истифода шаванд. Аммо Эрон мегӯяд, чунин барномаи истифодаи мушакҳои худ дар масоъили низомиро надорад.
Имконпазирии хондани фикри дигарон
Донишмандони Донишгоҳи Ирвайн ва Мерилэнди Амрико барои таҳаққуқ ва коркарди фанновариҳое, ки хондани фикрро мумкин гардонад, 4 миллион доллар бурс ё худ кумаки билоиваз, ки аз аз сӯи Пентагон ироъа гардид, дарёфт кардааст. Мақомоти низомии Амрико умедворанд, ки кашфи чунин фанновариҳо дар табобати сарбозоне, ки мағзи сарашон зарб хӯрдааст, ва ҳам ҳангоми бозпурсии асирон кумакашон хоҳад кард. Аммо худи донишмандон ба дурнамои кашфи чунин фанноварӣ чандон хушбин нестанд.
Майкл Дзмура, мудири барномаҳои маърифатии донишгоҳи Ирвайн, мегӯяд, ҳанӯз солиёни зиёде лозим аст, ки хондани фикри дигарон мумкин шавад. Дзмура муътақид аст, агар худи инсон нахоҳад, хондани фикре, ки ӯ дар сар мепарварад, ғайримумкин аст.
Метаматоъ
Олимони донишгоҳи Берклини Амрико таҳти раҳбарии Сян Чжан матоъеро ихтироъ кардаанд, ки афрод ва ашёи зерашро нонамоён мегардонад. Назири ин ба истилоҳ метаматоъ дар табиъат вуҷуд надорад ва онро метавон танҳо бо роҳи истифода аз нанотехнологияҳо сохт.
Донишмандон мегӯянд, метаматоъ рӯшноиро дар худ мунъакис намекунад, балки самти онро тағйир медиҳад. Чунин “фиреби назар” сабаби аслии аз чашмҳо пинҳон мондани ҳама чизи пинҳон дар зери метаматоъ будааст.
Акка худшинос аст?
Маълум шудааст, ки акка ё худ алошақшақа низ худро дар оина шинохта метавонад. То кунун чунин қобилият хосси танҳо инсонҳо ва бархе аз анвоъи ҳайвоноти примат ва соҳибмағз дониста мешуд. Аз ҷумла делфинҳо, филҳо ва маймунҳои шимпанзе чунин қобилиятро доштаанд.
XS
SM
MD
LG