Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба сӯи ҷудоиталабон қадами дигар гузошт


Хабаргузориҳо аз қавли муовини раиси маҷлиси болоии парлумони Русия менависанд, ки ин маҷлис алакай рӯзи 25 август ба хотири баррасии масъалаи эътирофи истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ иҷлосияи изтирорӣ барпо хоҳад кард. Маскав дар пайи низоъи ахири низомӣ бо Гурҷистон гуфт, дигар на Абхозистон ва на Осетияи ҷанубӣ дар ҳайъати Гурҷистон намемонанд. Ин ду минтақа худро дар авоили солҳои 90 аз Гурҷистон мустақил эълон карданд, вале то кунун истиқлолияти ин ду минтақаи ҷудоиталабро ягон кишвари дигар эътироф накардааст.
Вячеслав Тсугба, муовини раиси парлумони Абхозистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, парлумони Абхозистон рӯзи 21 август дархости раиси ин ҷумҳурӣ Сергей Багапш ба Русия ҷиҳати шинохти истиқлолияти ин ҷумҳурии ҷудоиталабро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG