Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи мушакӣ имрӯз имзо мешавад


Амрикову Лаҳистон имрӯз созишнома дар бораи истиқрори пойгоҳи мушакии Амрико дар ин кишвари Аврупои шарқиро имзо мекунанд. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба хотири имзои ин қарордод феълан дар Варшава ба сар мебарад.

Райс ва ҳамтои лаҳистониаш Радек Сикорски ба ин созишнома як рӯз баъд аз расман тасвиб шудани он аз сӯи ҳукумати Лаҳистон имзо мекунанд. Қарордоди мушакӣ бо Амрико бояд дар парлумони Лаҳистон низ тасвиб шавад.

Ин пойгоҳи мушакӣ ҷузъе аз сипари зиддимушакии Амрико дониста мешавад. Маскав шадидан мухолифи истиқрори ин сипар дар Лаҳистону Чехия буда, мегӯяд, он бар зидди Русия аст. Аммо Вошингтон ин иддаоро радд карда мегӯяд, сипари зиддимушакиаш алайҳи кишварҳои шарр, ба мисли Эрон нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG