Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ вориди Кобул шуд


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз дар Кобул бо шоҳидони шабехуне, ки 10 сарбози фаронсавиро кушта ва 21 фаронсавии дигарро захмӣ барҷой гузошт, мулоқот кардааст.

Ин ҳамла аз пурқурбонитарин ҳамалоти ҷангиён алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон шинохта шуда, талафоти ҷониби Толибон дар он аз 20 то 30 нафар ҳисоб шудааст.

Никола Саркозӣ аз ҳалокати сарбозони кишвараш изҳори андӯҳ карда, сарбозони захмиро аёдат кардааст.

Саркозиро дар ин сафари кӯтоҳ ба Афғонистон вузарои хориҷа ва дифоъи Фаронса Бернар Кушнер ва Эрве Морен ҳамроҳӣ доранд ва қарор аст, ки ӯ имрӯз бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай низ мулоқот кунад.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон тақрибан 180 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG