Пайвандҳои дастрасӣ

Русия тарҳи нави қатъномаи Шӯрои Амниятро рад кард


Дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Русия тарҳи қатъномаи таҳиякардаи Фаронсаро, ки дар он хуруҷи фаврии нерӯҳои Русия аз Гурҷистон тақозо шудааст, рад кард. Зимни суханронӣ дар ин нишаст намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор намуд, ки ба ин тарҳ бояд созиши сулҳ иборат аз 6 нукта шомил шавад. Ин созиш аз сӯи Русия ва Гурҷистон ва бо миёнҷигарии Фаронса имзо шудааст.

Намояндаи Гурҷистон бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки тарҳи қатъномаи пешниҳодкардаи Фаронсаро қабул кунанд. Ираклий Аласания ҳамчунин гуфт, ки бо вуҷуди пазируфта шудани созиши сулҳ низомиёни рус дар қаламрави Гурҷистон боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG