Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Минск сипари мушакии муштарак месозанд


Русия ва Белорус ба зудӣ созиш дар бораи ташкили системи муштараки зидди ҳамлаи ҳавоиро имзо хоҳанд кард. Мувофиқа дар ин бора дирӯз дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони ду кишвар Дмитрий Медведев ва Александр Лукашенко дар Маскав ҳосил шуд.

Созиш дар бораи ташкили системи муштараки зидди ҳамлаи ҳавоӣ миёни ду кишвар бояд ҳанӯз соли 2001 тасвиб мешуд ва аммо ҷониби Русия ба он баъзе тағйирот ворид кард, ки боиси баҳси тулонӣ бо Минск гардид.

XS
SM
MD
LG