Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони САҲА ба минтақаи низоъ мераванд


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) 20 нозири иловагиро ба Гурҷистон мефиристад. Ба иттилоъи Алекси Ҳарконен, намояндаи Финляндия, раиси даврии САҲА, нозирон тайи ду рӯзи оянда озими Гурҷистон хоҳанд шуд. САҲА ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки ба минтақаи низоъ боз 80 нозири дигар фиристад ва аммо санаи вуруди онҳо ҳанӯз маълум нест.

Як рӯз пеш музокирот дар мавриди интиқоли нозирони иловагиии САҲА ба Осетияи Ҷанубӣ бидуни натиҷа поён ёфта буд. Ба гуфтаи Бернар Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса, мушкил бар асари мавзеъгирии Маскав ба миён омад, ки ба мустақаршавии боз 100 нозири иловагӣ дар минтақаи низоъ ризоят надодааст.

XS
SM
MD
LG