Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният низоъ дар Қафқозро баррасӣ мекунад


Имрӯз Шӯрои Амнияти СММ машварати оҷил оид ба низоъ миёни Русияву Гурҷистонро доир мекунад. Хабаргузориҳои ғарбӣ пораҳо аз матни тарҳи қатъномаи Шӯрои Амниятро меоваранд, ки дар он аз ҷонибҳо даъват шудааст ба даргириҳо хотима бахшанд ва нерӯҳои худро ба мавқеъҳои то шурӯъи низоъ баргардонанд. Ба иттилоъи расонаҳои Русия, ин мавзӯъ бегаҳи дирӯз дар сӯҳбати телефонии раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG