Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев рӯзи хуруҷи нерӯҳоро мушаххас кард


Ннизомиёни Русия то рӯзи 22 август аз Гурҷистон ба қаламрави Осетияи ҷанубӣ ва Русия интиқол дода хоҳанд шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар сӯҳбати телефонӣ бо Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса хабар дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки як теъдоди ин нерӯҳо дар минтақаи амниятӣ дар қаламрави Гурҷистон ва дар марзҳои Осетияи ҷанубӣ мустақар мешаванд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Фаронса иттилоъ дод, ки айни ҳол дар минтақаи низоъ тақрибан 500 афсару сарбози рус боқӣ мондаанд.

Дирӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар як нишаст дар Брюссел аз Русия даъват карданд, ки нерӯҳояшро аз Гурҷистон берун кунад. Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Схеффер изҳор намуд, ки "Русия айни ҳол ба иҷрои нуктаҳои созиши сулҳ арҷ намегузорад".

XS
SM
MD
LG