Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо аз шаҳри Горӣ хориҷ шуданд


Расонаҳои ғарбӣ иттилоъ додаанд, ки корвони тонку зиреҳпӯшҳои Русия аз шаҳри стратегии Гории Гурҷистон хориҷ шудааст.

Русҳо гуфтаанд, қатор аз тариқи Осетияи Ҷанубӣ ба Русия равона хоҳад гашт. Ин иттилоъ дар ҳоле нашр мешавад, ки интиқоди кившарҳои ҷаҳон аз амалкарди Русия пас аз имзои оташбас ба нуқтаи авҷи худ мерасад.

Чунончи, Дабири кулли НАТО пас аз мулоқот бо вазирони умури хориҷии кишварҳои паймон Русияро айбдор кард, ки ваъдаи худро иҷро намекунад. Яап де Ҳуп Схеффер ҳамчунин гуфт, муносибати НАТО бо Русия дар оянда ба амалкардҳои минбаъда Маскав бастагӣ хоҳад дошт.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои НАТО низ дар як изҳороти муштарак таъкид карданд, ки низоъҳои ҳалнашуда роҳи ҳалли низомӣ надоранд. Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс, рӯҳияи ин нишастро бозгӯ кард:

"Забони ин изҳорот хеле тунд аст ва лаҳни ҷаласа низ дар талаби эҳтироми Русия ба ӯҳдадориҳои оташбас, ки президенти он бар дӯш гирифтааст, низ хеле тунд буд. Ин пайтест барои президенти Русия, ки ба ваъда вафо кунад ва нерӯҳояшро аз Гурҷистон ба мавқеъҳои пеш аз 6-7 август баргардонад."

Хабари дигари нармкунандаи вазъият ин аст, ки нерӯҳои Русия ва Гурҷистон рӯзи 19-уми август дар 45-километрии ҷануби Тифлис, аввалин бор даст ба табодули асирон заданд. Тарафи Гурҷистон 5 сарбозу афсари асири русро бо 13 сарбоз ва ду ғайринизомии гурҷӣ иваз кард.

Хабарнигори радиои Озодӣ, Коба Ликликадзе, ки шоҳиди табодул буд аз ҷои воқеъа мегӯяд:

"Табодул баргузор шуд. Панҷ асири рус, аз ҷумла ду халабони ҳавопаймо ба 15 гурҷӣ табдил шуд. Ман тавонистам бо яке аз онҳо ҳамсӯҳбат шавам. Афсар Гоча Чачанидзе аз фирқаи дувуми пиёданизом гуфт, як ҳафта дар бемористони Владикавказ будааст, Вай мегӯяд, баъд аз захмӣ шуданаш, ба асорат афтод ва дар Владикавказ бо ӯ дуруст муносибат кардаанд."

Табодул ба гуфтаи Лкиликадзе дар соҳили рӯди Лехура ба вуқӯъ пайваст, ки Осетияи Ҷанубиро аз Гурҷистон ҷудо мекунад.

Дар ҳамин ҳол Cозмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, 20 нозири низомии худро ба манотиқи наздик ба Осетияи Ҷанубӣ мефиристад. Ин иловаи фаврие хоҳад ба 9 нозири низомии созмон, ки қаблан низ дар минтақа ҳузур доштанд. Раиси Cозмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Александ Штуб дар Бруссел гуфт, ҳоло интизори посухи президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилист ва вазифаи нозирон мушоҳидаи иҷрои оташбас хоҳад буд.

Кумиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, Антонио Гетеррес баъд аз боздид аз Тифлис озими Маскав шудааст ва созмони ӯ мегӯяд, беш аз 158 000 нафар аз макони зисти худ маҳрум шудаву дар Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Осетияи Шимолӣ паноҳ ёфтаанд.

Дар шаҳраки Игуетии Гурҷистон, ки ҷабҳаи пеши нерӯҳои Русия мебошад, аҳолии маҳаллӣ бо талаби хуруҷи нерӯҳои Русия даст ба тазоҳурот зад, ки аввалин эътирози оммавӣ зидди кашолкорӣ дар иҷрои тарҳи сулҳ аст.

XS
SM
MD
LG