Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами Минск ба сӯи нармиши равобит бо Ғарб


Александр Казулин, мухолифи раисҷумҳурии Белорус, ки рӯзи шанбе аз зиндон раҳо гардид, гуфтааст, мехоҳад дигарбора ба сиёсати бузург баргардад.

Александр Лукашенко, раисҷумҳурии худкомаи Беларус бо авфи мухолифи собиқаш аз зиндон барои худ “плюс”-е кор кард. Вай рӯзи шанбе рақибаш дар интихоботи раёсатҷмуҳурии соли 2006 Александр Казулинро, ки барои панҷуним соли зиндон маҳкум шуда буд, авф намуд. Ин барои дуввумин бор аст, ки раисҷумҳурии Белорус нисбат ба мухолифи ашаддияш “ғамхорӣ” зоҳир мекунад. Қаблан, дар моҳи феврали соли равон вай таҳти фишори ҷомиаи байналмилалӣ иҷоза дод, ки Казулин дар маросими хоксупории ҳамсараш ширкат варзад. Вале Казулин дар посух ба ин ҳама гуфтааст, раҳоияш аз зиндон охири кор ва поёни муборизаи ӯ бо Лукашенко нест. Вай мехоҳад мақомоти расмии Минскро барои иҷборан бар дӯши ӯ “бор” кардани иттиҳоми сохта” ба додгоҳ кашад.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар бо истиқбол аз тасмими ахири Александр Лукашенко, онро қадаме ба сӯи нармиш дар равобити миёни Минску Ғарб арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки Русия саргарми ҳарҷу марҷ дар Гурҷистон аст, Белорус мехоҳад аз “навозиш”-и Ғарб баҳравар шавад. Яъне, пӯзишу бахшоиши Александр Лукашенко ин бор беҳуда набудааст. Ин қадами муҳимест, ки ба гуфтаи кордори сафорати Амрико дар Белорус Ҷонатан Мур метавонад муносиботи минбаъдаи Вошингтону Минскро гармтар кунад. Сафорати Амрико дар Минск дар пайи як силсила ихроҷи дипломатҳояш ҳоло ҳамагӣ аз панҷ нафар иборат аст.

Алес Бялятский, муовини раиси Федеросиюни ҳуқуқи башари Ҳелсинки, озодии Казулинро дастоварди муштараки ҳам ҳомиёни ҳуқуқи башари байнулмилалӣ ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи башари белорусӣ номидааст: “Ин комёбии муштараки ҳам мудофеъони ҳуқуқи башар дар Беларус ва ҳам сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатии хориҷист. Ман умедворам, ки ин раванд ба дунболи раҳоии Казулин боз идома хоҳад ёфт, чунки ду маҳбуси дигари сиёсӣ дар Беларус ҳамчунон дар зиндонанд”. Алес Бялятский Андрей Ким ва Сергей Парсюкевичро дар назар дорад.

Дар ҳамин ҳол Казулин аз мақомоти расмии кишвараш талаб кардааст, ки ин ду маҳбуси сиёсиро низ ҳарчи зудтар раҳо кунанд. Қарор аст, рӯзи 20-уми август Александр Казулин нахустин нишасти хабарӣ пас аз раҳоияш аз зиндонро доир кунад, вале то ҳол вай бо бархе аз мухолифони ҳукумати Лукашенко, аз ҷумла бо раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Белорус Микалай Статкевич дидору мулоқот анҷом додааст. Статкевич дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Албатта, оқои Казулин ҳатто бо онки расман раҳбари ҳизбаш нест, ба сари худ як чеҳраи муҳим дар саҳнаи сиёсии Белорус маҳсуб мешавад. Ин ба худи ӯ вобаста аст, ки аз ин имконоте, ки дар ихтиёр дорад, чигуна истифода хоҳад бурд”.

Александр Казулин, рақиби Александр Лукашенко барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурии Белорус, баъди интихоботи соли 2006 бо иттиҳоми авбошӣ ва таҳрики издиҳом ба беназмӣ ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Вале ин суол ҳамчунон дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки чи гуна дар ин авохир дар дили сангини Александр Лукашенко шарораи меҳр пайдо шуд?

XS
SM
MD
LG