Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Каёнӣ ба Афғонистон рафт


Ба гуфтаи масъулони амниятии Покистон, генерал Ашвоқ Парвиз Каёнӣ, раиси ситоди кулли Артиши ин кишвар, имрӯз барои гуфтугӯ бо масъулони давлатии Афғонистон ба Кобул рафтааст. Сафари генерал Каёнӣ ба Кобул як рӯз пас аз канорагирии Парвиз Мушарраф аз мақоми раёсатҷумҳурии Покистон анҷом мешавад. Вале масъулони амниятии Покистон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, генерал Каёнӣ танҳо ба асоси барномае аз пеш мушаххасшуда барои ҳузур дар кумисюни ҳамкорӣ дар Афғонистон ба Кобул рафтааст. Масъулони давлати Афғонистон то ҳоло вуруди генерал Каёнӣ ба Кобулро таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG