Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти мухолифи саршиноси беларус ба саҳнаи сиёсӣ


Александр Казулин, раҳбари мухолифини Белорус, гуфтааст, нақша дорад, ки дубора ба сиёсат баргардад. Александр Казулин, ки рӯзи шанбе аз зиндон раҳо гардид, иттиҳоми, ба қавли вай, ба ӯ “бор”-шударо беасос хонд. Вакили дифоъи оқои Казулин гуфт, вай ният дорад, мақомоти расмии Белорусро ба додгоҳ кашида аз он ба маблағи 2 милюн евро ҷуброн ситонад. Александр Казулин ҳамчунин аз ҳукумати Белорус даъват кард, то ду зиндонии дигари сиёсӣ – Андрей Ким ва Сергей Парсюкевич ба зудӣ озод шаванд. Раҳбари мухолифини Белорус барои барангехтани хушунат ҳангоми ташкили намоишҳои зиддиҳукуматӣ баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 ба зиндон андохта шуда буд.
XS
SM
MD
LG