Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули асирони Русия ва Гурҷистон


Русия ва Гурҷистон ба мубодилаи асирони низомии худ оғоз кардаанд. Александр Ломая, котиби Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон, гуфтааст, Тифлис 5 низомии русро бо 15 асири гурҷӣ иваз мекунад. Мубодила дар Игоети, дар ғарби Тифлис, ки нерӯҳои Русия то он ҷо пеш рафтаанд, анҷом мешавад. Мақомоти интизомии Русия низ ин хабарро таъйид кардаанд. Дар ин бора ҳангоми сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар Игоети генерали рус Вячеслав Борисов гуфт: “Он чизе, ки шумо аз дур мебинед, табодули асирони ҷанг ба асоси тавофуқи ҳарду ҷониб аст. Мо 15 асири гурҷиро бо панҷ асири рус иваз кардем”. Мубодилаи асирон мебоист рӯзи душанбе, 18 август, доир мешуд, вале доир нашуд. Дар ин маврид Маскав ангушти накӯҳиши худро ба сӯйи Тифлис дароз мекунад, ки бо талабҳои зиёди сиёсиву низомияш монеъи ин мубодила шудааст.
XS
SM
MD
LG