Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи низомии Амрико


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, як гурӯҳи синафарӣ аз Толибон бомдоди имрӯз талош кардаанд, ки ба яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико дар вилояти Хуст, дар наздики марзи Покистон, ҳамла кунанд. Вале бо ҳамлаи мутақобили нерӯҳои эътилофӣ сенздаҳ тан аз ин ҳамлагарон кушта шуда ва боқимондаи онҳо ба рустое дар наздики маҳалли ин даргирӣ ақибнишинӣ кардаанд. Ба қавли масъулони вилояти Хуст, даргирӣ бо ин афрод ҳамчунон идома дорад. Рӯзи гузашта ҳамчунин дар ҳамлаи интиҳорӣ бо як худрави бамгузоришуда дар назди даромадгоҳи ин пойгоҳ даҳ коргари афғон, ки мунтазири вуруд ба ин пойгоҳ будаанд, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG