Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис: Нерӯҳои Русия ҳанӯз берун нарафтаанд


Агарчи мақомоти вазорати дифоъи Русия эълом карданд, ки хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз хоки Гурҷистон рӯзи душанбе оғоз шудааст, гузоришҳои расида то субҳи рӯзи сешанбе ҳокист, ки ҳанӯз тонкҳо ва нерӯҳои низомии Русия ҳамчунон дар баъзе аз манотиқи гурҷӣ боқӣ мондаанд. Амрико ва Гурҷистон низ гуфтаанд, нишонае аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз хоки Гурҷистонро мушоҳида накардаанд. Мақомоти Вошингтон ва Порис аз Маскав хостаанд, ба асоси созишномаи оташбас, ки бо миёнҷигарии Фаронса ба имзои тарафҳо расид, хуруҷи ҳарчи зуди нерӯҳояш аз хоки Гурҷистонро шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG