Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NATO: баррасии муноқишаи Русия ва Гурҷистон


Яап де Ҳуп Шеффер, котиби генералии NATO
Яап де Ҳуп Шеффер, котиби генералии NATO

Шӯрои NАТО имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии худ дар Брюссел (Белгия) муноқишаи Русия ва Гурҷистонро баррасӣ мекунад.

Ин мулоқот бо ташаббуси ИМА баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар ҷараёни ҳамоиши аъзои НАТО муносибати ин эътилоф бо Русия ва шеваи ироъаи кумак ба Гурҷистон муҳокима гардад.
Як рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи NАТО Кондолиза Райс, котиби давлатии ИМА, эълом намуд, ки Русия «бозии хеле хавфнокеро бо ИМА ва муттаҳидини он шурӯъ кардааст». Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки NАТО набояд имкон бидиҳад, то Маскав дар Гурҷистон кадом-як пирӯзии стротежиро ба даст орад. Вазири хориҷаи Амрико, аз ҷумла, гуфт: «Моро лозим аст ба ҷоҳталабиҳои стротежики Русия, ки ба таври возеҳ ба азҳампошии демукросии Гурҷистон ва суст кардани давлат дар ин кишвар равона шудаанд, монеъ шавем».
Ба андешаи таҳлилгарон, дар байни кишварҳои узви NАТО дар мавриди онки дар муносибат бо Русия кадом сиёсат пеш гирифта шавад ихтилофи назар мавҷуд аст.
Дмитрий Рогозин, сафири Русия дар NATO
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Русия дар NАТО Дмитрий Рогозин эълом намуд, ки, агар кишварҳои узви ин эътилоф мавқеъи «носанҷида»-ро ихтиёр кунанд, «ҳама гуноҳ ҷиҳати азҳампошии системи мавҷудаи амниятӣ бар дӯши Вошингтон ва муттаҳидини он хоҳад буд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш (Австрия), дар як ҳамоиши САҲА дар мавриди ироъаи нозирони иловагӣ ба Гурҷистон ҷиҳати назорат бар раванди оташбас аз нав ба тавофуқ расида нашуд. Гуфта мешавад, феълан танҳо 8 нафар нозир дар ин кишвар қарор доранд. Ҳамин тариқ, бо вуҷуди будани тавофуқи усулӣ ҷиҳати таҳкими гурӯҳи нозирони низомӣ дар Гурҷистон шӯрои доимии САҲА бори дигар ба тавофуқи лозимӣ даст наёфт. Зимнан, пешниҳод шудааст, ки теъдоди нозирон дар ин минтақа ба 100 нафар расонида шавад ва ба муҳлати фаъъолияти онҳо то ним сол тамдид гардад. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки 20 нозир фавран ба ин минтақаи доғ фиристода шавад.
Вале Русия ба ин мувофиқ нест. Бино ба гуфтаи давлатмардон, Москва ба вуруди гурӯҳи изофии нозирон танҳо баъд аз хурӯҷи «дастаҳои фаъъоли ҷангӣ» аз минтақа розист. Гуфта мешавад, қабули қарори марбута метавонад ба дарозо кашад, чунки барои ин ризояти ҳамаи 56 кишвари узви САҲА зарур аст.
Реваз Бешидзе, сафири Гурҷистон дар NATO
Ангела Меркел, сарвари Олмон, раҳбарияти Русияро огоҳ намуд, ки хурӯҷи нерӯҳои низомии он аз қаламрави Гурҷистон набояд ба ҳафтаҳо тӯл кашад.
Николя Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса, эълом кард, ки ҳамоиши ғайринавбатии Иттиҳоди Аврупоро даъват хоҳад кард, агар Маскав дар кӯтоҳтарин муддат артиши худро аз Гурҷистон комилан берун накунад.
XS
SM
MD
LG