Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ҳукумати Осетияи ҷанубиро ташкил мекунад?


Русия барои кумак дар ташкили ҳукумати Осетияи ҷанубӣ омода аст. Владимир Путин, сарвазири Русия дирӯз дар нишасти Раёсати ҳукумат гуфт, ки кобинаи вазирони ҷумҳурии ҷудоихоҳро раиси ҷумҳур ташкил хоҳад кард ва аммо “агар Эдуард Кокойта аз Русия хостори кумак дар робита ба таъмин бо мутахассисон шавад, ин хоҳишаш пазируфта хоҳад шуд”.
Дар ин нишаст вазири ҳолатҳои изтирории Русия Сергей Шойгу эълом дошт, ки вазоратҳои беҳдошт ва енерҷии Осетияи ҷанубӣ ба мутахассисон сахт ниёз доранд. Дирӯз Эдуард Кокойта ҳукумати Осетияи ҷанубиро бо далели сари вақт иҷро накардани супоришҳо ба истеъфо фиристод.

XS
SM
MD
LG