Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз афзоиши нажодпарастӣ дар Русия


Кумитаи мубориза бо нажодпарастии СММ аз афзоиши адовати қавмӣ ва бегонаситезӣ дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти ин кумита гуфта шудааст, ки дар ин кишвар ҳамлаҳо дар пояи адовати қавмӣ афзоиш ёфта, намояндагони аққалиятҳои қавмиву мазҳабӣ ва мардуми Қафқозу Осиёи Марказӣ мавриди ин ҳамлаҳо қарор мегиранд. Кумитаи мубориза бо нажодпарастии СММ аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки ба мубориза бо фашизм ва миллатгароӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
XS
SM
MD
LG