Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО низоъ дар Гурҷистонро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар Брюссел нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО доир мешавад, ки ба низоъ миёни Русия ва Гурҷистон бахшида хоҳад шуд. Дирӯз Кондолиза Райс, Котиби давлатии ИМА ба зарурати ҳамоҳангсозии мавқеъи муштараки НАТО дар ин мавзӯъ таъкид карда буд. Ӯ истифодаи нерӯи Русия дар Гурҷистонро “бозии басо хатарнок” номид. Дар навбати худ Дмитрий Рогозин, фиристодаи Русия дар НАТО изҳор кард, ки агар кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимол дар мавриди низоъ дар Гурҷистон аз “мавқеъи масъулона” кор нагиранд, ба ҳамкории Маскав ва НАТО латмаи ҷиддӣ зада хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG