Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Шветсия ба амалкарди Русия дар Гурҷистон


Шветсия эълом дошт, ки ҳамкориҳои низомияш бо Русияро мунҷамид месозад. Сарвазири кишвар Фредрик Рейнфельдт дирӯз гуфт, Шветсия “ба муддати номуайян аз ширкат дар тамринҳои муштарак бо Русия худдорӣ мекунад, флоти ҳарбӣ-баҳрии кишвар сафари киштиҳои худ ба Русияро, ки бояд моҳи оянда сурат мегирифт, лағв кардааст”. Тасмими Шветсия бо амалкарди Русия дар Гурҷистон бастагӣ дорад. Мақомоти кишвар аз Маскав даъват карданд, ки нерӯҳояшро аз Гурҷистон берун кунад ва аз тахриби Гурҷистон даст бардорад.

XS
SM
MD
LG