Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Вена бидуни натиҷа поён ёфт


Ширкаткунандагони музокирот дар мавриди интиқоли нозирони иловагиии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Осетияи Ҷанубӣ ба натиҷае нарасиданд. Музокирот бегаҳи дирӯз дар Вена поён ёфт. Ба гуфтаи Бернар Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса, мушкил бар асари мавзеъгирии Русия ба миён омад, ки алҳол ба мустақаршавии боз 100 нозири иловагии САҲА дар минтақаи низоъ ризоят надодааст. Аз ин пеш Эдуард Кокойта, раҳбари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ гуфта буд, ки ба бозгашти нозирони САҲА ба минтақа мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG