Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифлис Маскавро дар фиреб айбдор мекунад


Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон Маскавро дар вайрон кардани созишҳои ҳосилшуда дар робита ба хуруҷи нерӯҳо аз минтақаи низоъ айбдор кард. Дар изҳороти вазорат, аз ҷумла, омадааст, ки нерӯҳои Русия дубора пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Сенакӣ, воқеъ дар ғарби Гурҷистонро ишғол карданд. Мақомоти Русия ба ин иттиҳом алҳол вокунише нишон надодаанд. Аз ин пеш Анатолий Ноговитсин, муовини раиси Ситоди Кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Русия хабар дода буд, ки хуруҷи низомиён аз Гурҷистон ва интиқоли онҳо ба мавзеъҳои дар созиши сулҳ муқарраршуда оғоз ёфтааст. Вале тибқи иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ аз Горӣ, зиреҳпӯшҳои Русия шаҳрро давр зада дубора ба мавқеъҳои қаблии худ дар ин шаҳр баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG