Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паноҳандагон ба Схинвалӣ шурӯъ шуд


Кумитаи байналмилалии салиби сурх (КБСС) хабар дод, ки бозгашти сокинони Осетияи Ҷанубӣ аз Владиқафқоз ба Схинвалӣ шурӯъ шудааст. Сухангуи ин кумита Анна Нелсон гуфт, ахиран Якоб Кекленбергер, раиси КБСС аз маркази фирориёни осетин дар Владиқафқоз боздид кард. Паноҳандагон ба ӯ гуфтаанд, ки ба хонаҳояшон бармегарданд ва худи ӯ низ шоҳиди айнии оғози бозгашти онҳо будааст.

Ба иттилоъи Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳоло теъдоди беҷошудагон бар асари ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ ба 158 ҳазору 600 нафар расидааст, ки аз онҳо дастикам 100 ҳазорашон дар Гурҷистон, 30 ҳазорашон дар Осетияи Ҷанубӣ ва боз 30 ҳазор дигарашон дар Русия паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG