Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз ҳамлаҳои нав дар Афғонистон


Ҳарбиёни амрикоӣ Кобулро огоҳ карданд, ки дар рӯзи ҷашни истиқлолияти миллии Афғонистон мумкин аст, ҳамлаҳои террористӣ ба амал ояд.

Normal 0

Онҳо мегӯянд, ошӯбгарон нақша доранд, гирдиҳамоиҳои идонаро тахриб намоянд. Ба ин сабаб ҳатто макони баргузории маҳфили асосии идона эълон нашудааст, то эҳтимоли чунин ҳамла коҳиш дода шавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, Кобул ба шаҳре дар арафаи иди асосии миллӣ монанд нест. Ҳазорон корманди иловагии полис дар хиёбонҳо навбатдорӣ мекунанд ва маркази шаҳр барои нақлиёт баста буда, дар роҳҳои дигар ҳамаи мошинҳо мавриди кофтуков қарор мегиранд.

Дар як изҳороти камназири расмӣ, генерали аршади Амрико дар Афғонистон, Ҷеффрӣ Шлуссер, гуфт, ошӯбгарон нақша доранд, ба шаҳрвандони осоишта, ҳарбиён ва идораҳои давлат ҳамла кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки субҳи рӯзи душанбе, дар ҳамлаи худкушона дар назди пойгоҳи ҳарбии Амрико дар вилояти Хуст ба камияш нӯҳ афғони ғайринизомӣ кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ тавонистанд, ҳамлавари дувумро, ки низ мехост мошини бамгузоришударо мунфаҷир кунад, боздоранд ва маводи тарконандаро безрар гардонанд.

Ба даъвати ҳарбиёни амрикоӣ, бояд ҳамаи афғонҳо дар ҳамоишҳои оммавӣ ҳушманд ва боэҳтиёт бошанд ва нерӯҳои амниятиро аз ҳама гуна фаъолиятҳои шубҳаангез огоҳ намоянд.

Хабарнигорони Радиои Афғонистони озод мегӯянд, дар Кобул нишонае аз омодагӣ ба ҳамоишҳои мардумӣ дар робита ба ҷашни истиқлолият ба назар намерасад. Пештар эълон шуда буд, ки ҷамъомади идона бо ширкати раисиҷумҳури Афғонистон , Ҳомид Карзай дар варзишгоҳи марказии шаҳр барпо хоҳад шуд. Аммо акнун ин нақша лағв гаштааст.

Ҳамзамон беш аз 7 ҳазор корманди иловагии полис дар шаҳр ҷобаҷо шудаанд ва вазъи онро зери назар доранд.

Ҷамили Ҷумбиш, собиқ фармондеҳи полис дар Кобул мегӯяд, нерӯҳои амниятии кишвар ҳанӯз тавони ҳимояи мардум аз ҳамлаҳои афзояндаи ошӯбгаронро надоранд.

Ба гуфтаи созмони ғайридавлатии "Дафтари Амният"-и Афғонистон ҳамлаҳои ошӯбгарона дар нимаи аввали соли 2008 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Мусаллаҳон дар моҳҳои гузашта ба як меҳмонсарони машҳур ва ахиран бинои сафорати Ҳиндустон дар Кобул ҳамлаҳои марговар анҷом доданд.

Дар ҷамъомади оммавӣ дар Кобул рӯзи 27-уми апрел ошӯбгарон ба минбари фарохе тирандозӣ карданд, ки Карзай, вазирони ҳукумати ӯ, аъзои порлумон ва дипломатҳои хориҷӣ нишаста буданд. Карзай ҷон ба саломат бурд, аммо се нафар дар ин ҳамлаи хунин кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG