Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши бемории AIDS/HIV дар Суғд


Маркази мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) дар Хуҷанд дар ҳафт моҳи аввали соли равон дар ҷисми 36 нафар сокини Суғд ангезандандаи AIDS/HIV–ро ошкор кардааст.

Абдуҷалол Ҷалолов, сарвари маркази мазкур, гуфт, дар ҳоли кунунӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 320 нафар мубталои ин ангезанда, аз ҷумла ду кӯдаки ширхора, ба сар мебаранд .

Ба гуфтаи Абдуҷалол Ҷалолов, сарвари Маркази мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) дар Хуҷанд, аз 320 мубталои ангезандаи AIDS/HIV дар Суғд синну соли беш аз 250 тани онҳо аз 20 то 50 доранд. Вай афзуд, ки беш аз 180 нафар бо роҳи истифодаи нашъа бо сӯзандору, беш аз 60 тан аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд . Дар панҷ маврид ангезанда бо гузаронидани хун ва дар ду мавриди дигар аз ҷисми модар ба кӯдак гузаштааст.

Маркази мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) дар Хуҷанд мегӯяд, ки дар тайи соҳои ахир на танҳо шумораи мубталоёни ин ангезанда дар шимоли Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ дорад , ҳамзамон харитаи густариши ин беморӣ низ тақрибан тамоми ҳудуди Суғдро дар таҳти тасарруфи худ даровардааст. Дар ҳоли ҳозир Кӯҳистони Мастчоҳ ягона минтақаи Суғд маҳсуб меёбад, ки ягон сокини он чун мубталои ангезандаи AIDS/HIV ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ҳамзамон табибони марказ таъкид мекунанд, ки ин ҳолат зиёд ташхис нашудани хуни сокинони ин минтақаи дурдаст ба

вуҷуди ангезандаи ин бемории асрро низ бозгӯ мекунад.

Зимнан, гирифторони ангезандаи AIDS/HIV дар дигар навоҳии дурдасти Суғд: Айнӣ, Ғончӣ ва Аштр дар ду–се соли ахир зимни ташхисҳои саросарӣ дар ин манотиқ ошкор шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулини маркази мазкур, аз ҳама зиёд мубталоёни ангезандаи AIDS/HIV дар Хуҷанду Чкалов, Қайроқуму Боҷонон Ғафуров ва Исфара ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Хуҷанд танҳо дар Исфараву Панҷакент марказҳои ташхиси ангезандаи AIDS/HIV фаъолият мебарад .

Аммо то солҳои ахир дар ин марказҳо танҳо ташхиси аввалияи хун сурат гирифта, вале барои ташхиси ниҳоӣ ва аниқ муайян кардани вуҷуди ангезандаи БЕНМБ ба ташхисгоҳҳои кишвари Қазоқистон фиристода мешуд . Ба гуфтаи масъулини маркази мазкур дар Хуҷанд , дар солҳои ахир дар маркази вилояти Суғд ва Душанбе - пойтахт низ ташхиси ниҳоӣ ва аниқи хун барои муайян кардани ангезандаи мазкур ба роҳ андохта шудааст.

Оқои Ҷалолов афзуд, дар ноҳияи Истаравшан низ ахиран ҳамчунин як маркази дигар ифтитоҳ шуда , ба кор шурӯъ хоҳад кард , ки ташхиси хунро барои сокинони ин ноҳия ва инчунин навоҳии Зафарободу Ғончӣ , ки пештар барои ин кор сад киламетр раҳро пушти сар гузошта, ба Хуҷанд меомаданд, осонтар мегардонад.

Вай афзуд, ки дар доираи барномаи сесолаи алайҳи пешгирии БНМБ дар Суғд , то охири соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ як маркази пешгирӣ аз ин беморӣ таъсис дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG