Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои Мушарраф ба ҷанг бо террор ёрӣ мерасонад


Сухангӯи ҳукумати Афғонистон изҳор намуд, ки истеъфои президенти Покистон Парвиз Мушарраф барои Афғонистону Покистон имкони нави мубориза бо терроризмро фароҳам меорад.
Султон Аҳмад Баҳин мегӯяд, ҳукумати Афғонистон умед дорад, ки барканоршавии Мушарраф демократияи Покистон ва ҳукумати мулкии ин кишварро таҳким мебахшад. Мақомоти Афғонистон ва аз ҷумла президент Ҳомиди Карзай борҳо хадамоти кашфи Покистон (ISI) ва дигар аносири артиши Покистонро бо пуштибонӣ аз Толибон муттаҳам кардаанд. Покистон ин айбномаҳоро рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс бо ишора ба пуштибонии Мушарраф аз ҷанг бо террор ба президенти Покистон ибрози сипос намуда, илова кард, ки Вашингтон ҳамкорӣ бо ҳукумати Покистонро давом медиҳад.
XS
SM
MD
LG