Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Русия аз Гурҷистон берун мешаванд


Низомиёни Русия мегӯянд, ки ихроҷи сарбозон аз Гурҷистон оғоз ёфт. Дар ин бора муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал-полковник Анатолий Ноговитсин маълумот дод.
Пеш аз ӯ сухангӯи вазорати корҳои дохилии Гурҷистон Шота Утиашвилӣ изҳор намуд, ки ҳеҷ шаҳодат нест, ки беруншавии воҳидҳои ҷангии Русия аз хоки Гурҷистон шурӯъ шудааст. Президенти Русия Дмитрий Медведев ваъда дода буд, ки имрӯз беруншавии нерӯҳои Русия аз Гурҷистон оғоз меёбад. Медведев афзуда буд, ки пешрафти ихроҷи сарбозон ба татбиқи чораҳои иловагии амниятӣ марбут хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG