Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Маккейн дар баробари бӯҳрони Осетияи Ҷанубӣ


Барак Обама ва Ҷон Маккейн

Барак Обама ва Ҷон Маккейн

Масоъили буҳронии дар Осетияи Ҷанубӣ баборомада довталабони маснади раёсатҷумҳурии ИМА-ро низ бетафовут нагузоштааст.

Буҳрони Осетияи Ҷанубӣ – бузургтарин буҳрони пешомада дар сиёсати хориҷии Амрико дар марҳалаи муборизаҳои пеш аз интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ – амрикоиҳоро водор кард, ки рӯи бархӯрди эҳтимолии довталабони аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳ ба курсии раёсатҷумҳурии ИМА Барак Обама ва Ҷон Маккейн ба чунин буҳронҳо, албатта, дар сурати нишастани яке аз онҳо дар курсии раҳбарии Кохи Сафед фикр кунанд.
Ин буҳрон ба Ҷон Маккейн имкон дод, ки таваҷҷуҳи амрикоиҳоро бори дигар ба масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ҷалб кунад. Яъне ба масоъиле, ки дар меҳвари барномаҳои пешазинтихобии Маккейн қарор доранд. Барак Обама, баръакс, фурсате пайдо кард, то хунсардии худ дар мавриди амалкардҳои Русияро намоиш диҳад.
Ҷон Маккейн ҳамагӣ чанд соат баъд аз оғози низоъи Гурҷистон аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ба Маскав фишор оварда, хуруҷи нируҳояш аз Гурҷистонро тақозо кунанд. Ҷон Маккейн, довталаби курсии раёсатҷумҳурии Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, Маскав ба як роҳи хатарноке пой гузоштааст ва бояд аз ин роҳ баргардад.
Аммо мавзеъгирии Барак Обама, довталаби Ҳизби демократи Амрико ба маснади раёсатҷумҳурии Амрико, нисбатан муҳтотона ба назар мерасид ва ӯ бо даъвати ҳамаи ҷонибҳои зидахли низоъ ба хештандорӣ иктифо кард: Ман нақзи истиқлоли Гурҷистонро бидуни чунучаро маҳкум мекунам. Ба назари ман, дар ҳоли ҳозир, барои кулли ҷонибҳо намоиши хештандорӣ ва қатъи ин низоъи мусаллаҳона муҳим аст. Лозим аст, ки тамомияти арзии Гурҷистон ҳифз шавад ва ҳоло фурсати музокироти мустақими байни ҷонибҳои мухталиф ба хотири ҳифзи субот фаро расидааст”.
Баъдан Барак Обама, ки дар рӯзҳои ин буҳрон ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар ҷазоири Ҳавайӣ дар рухсатӣ ба сар мебурд, истироҳати худро ба хотири суҳбат бо хабарнигорон қатъ кард ва гуфт, ҷомиъаи байнулмилалӣ бояд муштаракан роҳҳои хатми ин хунрезиро пайдо кунад. Ӯ зимнан гуфт, ки Амрико ва ҷаҳон бояд шадидан алайҳи ҳамла садо баланд кунанд.
Ва аммо, дар ҳоле ки Барак Обама бештар ба роҳҳои дипломатии ҳалли қазия таъкид мекунад, рақиби ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Ҷон Маккейн дар як нишасти хабарӣ дар аёлати Пенсилвания бо лаҳни хеле шадидтар суҳбат кард ва гуфт, ки Русия мехоҳад пеши роҳи мушокирати Гурҷистон ва Украина бо Ғарбро бигирад.
Маккейн паймони низомии NATO-ро аз тардиди дигарбораи барномаи ба узвияти ин созмон пайвастани Украинаву Гурҷистон дар нишасти зимистони имсола ҳушдор дод ва гуфт, Русия метавонад чунин тасмимро ҳамчун аломати иҷозат барои ҳамлаҳояш алайҳи Гурҷистон қабул кунад. Ҷон Маккейн ба таври ошкор гуфт, ки дар сурати пирӯзии ӯ, Русия баҳои ҳамлааш ба Гурҷистонро хоҳад пардохт: Раисиҷумҳури Русия Медведев ва сарвазир Путин бояд дарк кунанд, ки иқдомоти давлати онҳо ба вазъи равобити Русия бо Амрикову Аврупо дар дарозмуддат пайомадҳои сахте хоҳад дошт.
Мавқеъи зиддирусии Маккейн аз Русия ба ҳаддест, ки ӯ ҷонибдори аз маҳфили муъатбари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон – гурwҳи G8берун андохтани он аст. Ба эътиқоди ӯ, ақибнишинии Маскав аз арзишҳои демократӣ ҳузураш дар маҳфили кишварҳои демократиро беҳуда мегардонад. Маккейн гуфтааст, ки ҳатто вазири пешини хориҷаи Амрико Ҳенрӣ Киссинҷер ӯро ба маҳзи чунин лаҳни тундаш нисбат ба Русия мазаммат кардааст. –
Маккейн аз соли 1997 ба ин сӯ аз муттаҳидини раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба шумор рафта, ба гуфтаи ситодаш, дар рӯзҳои буҳрони ахир бо Саакашвилӣ тамоси мунтазами телефонӣ доштааст.
Барак Обама одатан Русияро як кишвари “на дӯст ва на душман” таъриф мекунад ва хостори равобити наздики корӣ бо Маскав перомуни масоъили муҳимми байнулмилалист. Аммо мавқеъи Обама дар қиболи Маскав низ хеле интиқодомез аст. Ӯ ҳанӯз дар моҳи апрел тасмими Маскав ҷиҳати бидуни ризояти Тифлис барқарор кардани равобити наздиктари давлатӣ бо минотиқи ҷудоиталаби Гурҷистон Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба боди шадиди интиқод кашида, ин иқдомро муноқизи уҳдадориҳои Русия ба ҳайси узви доимии Шӯрои Амнияти СММ номид.
Аммо, ба сурати умум, бо вуҷуди ихтилофоти ҷиддиии байни Ҷон Маккейн ва Барак Обама дар масоъили дигар, нигоҳи онҳо ба буҳрони Гурҷистон чандон мухталиф ба назар намерасад. Ҳарду Русияро ба маҳзи ҳамлааш ба қаламрави Гурҷистони мустақил маҳкум карда, хостори мудохилаи Шӯрои Амнияти СММ шуданд. Ҳам Обама ва ҳам Маккейн пуштибонии худ аз азми Гурҷистон барои пайвастан ба узвияти паймони низомии Атлантики Шимолиро такрор карда, хостори истиқрори нерӯҳои байнулмиллии ҳомии сулҳ дар вилоёти ҷудоиталаби он кишвар шуданд.
Ҷанги байни Русияву Гурҷистон акнун ба тадриҷ фурӯ менишинад, вале, тавре ба назар мерасад, ин буҳрон дар корзори пешазинтихоботии Барак Обама ва Ҷон Маккейн, муддаъиёни курсии раёсатҷумҳурии Амрико, то 4-уми ноябр, яъне то рӯзи интихобот, ҳамчунон акси садо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG