Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Осетияи Ҷанубӣ нозири байналмилалӣ лозим нест?


Раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон мегӯяд, ки Осетияи Ҷанубӣ бори дигар нозирони байналмилалиро ба минтақа роҳ намедиҳад. Эдуард Кокойтӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс изҳор намудааст, Осетияи Ҷанубӣ ба ин мардум, ки ҳақиқатро фосид намудаанд, эътимод надорад. Кокойтӣ афзудааст, ки ӯ аз Русия дархост мекунад, дар Осетияи Ҷанубӣ пойгоҳи низомӣ бунёд намояд.
Мусоҳибаи Кокойтӣ дар арафаи ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба табъ расид. Имрӯз САҲА имкони ирсоли 100 нозир ба манотиқи ноороми Гурҷистонро баҳс мекунад. Ҳоло дар Гурҷистон 9 нозири САҲА ифои вазифа мекунанд.

Дар ин байн иттилоъ расид, ки раҳбари Осетияи Ҷанубӣ ҳукумати ин минтақаро ба истеъфо фиристода, дар қаламрави он вазъи изтирорӣ эълон намудааст.
Хабаргузориҳои Русия гузориш медиҳанд, ки Кокойтӣ аз тақсими кумакҳои башарӣ дар миёни сокинони Осетияи ҷанубӣ қаноатманд набуда, ҳукуматро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

XS
SM
MD
LG