Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: эҷоди садди сунъӣ ба ҲСДТ


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ
Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

Раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зойиров мақомоти Бадахшонро муттаҳам кард, ки монеъи баргузории як нишасти омӯзишии оид ба баррасии мушкилоти иҷтимоъиву иқтисодии минтақа шудааст.

Р. Зойиров ҳамчунин гуфт, ки ин лоиҳа бо ибтикори дастгоҳи иҷроияи президент ва Ожонсии швейсарии рушд таҳия шуда, бар пояи натиҷаи ин ҳамкорӣ 5 вакил, ки 3 нафарашон намояндагони мақомоти маҳаллӣ буданд, мебоист ба чунин як нишасти омӯзишӣ дар пойтахти кишвар даъват мешуданд.
Аммо, афзуд ӯ, ба ҳайси муҷрӣ ширкат доштани раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, боис шудааст, ки ҳукумати вилоятӣ намояндагонашро аз ширкат дар ин нишасти омӯзишӣ манъ намуд, инчунин ба сардори литсей амр шуд, ки ба баргузории нишаст иҷоза надиҳад.
Раҳматуллоҳ Зойиров дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ изҳор дошт, ки муовини аввали раиси шаҳр дар ин бора шахсан ба сарвари литсей телефонӣ суҳбат кардааст.

Аммо ноиби аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров гуфт, ҳеч кас аз мақомоти давлат ба баргузории семинар мухолифат накардааст, вале талаб гузоштаанд, ки барои чунин маъракаҳо набояд муассисаҳои таълимӣ истифода шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон конфронси навбатии худро дар Хоруғ, маркази ВМКБ, баргузор намуд. Дар он ҳисоботи раиси бахши вилоятии ҳизб, инчунин комиссияи тафтишотии бахши бадахшонии ҳизб ироъа гардид. Дар ин конфронс дурнамои ширкати ҲСДТ дар интихоботи ояндаи порлумонии кишвар низ баррасӣ шуд.
Дар конфронс намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизб аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат доштанд. Дар конфронс гуфта шуд, ки намояндагони ҳизб аз ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз, ба сабаби мавҷуд будани фишор аз болояшон, натавонистаанд дар ин ҷаласаи муҳим ҳузур ёбанд.
Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ, инчунин гуфт, ки, аз диди вай, назари мақомот пас аз гирдиҳамоиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ, ки на бо ташаббуси ҳизб дар минтаҳа доир шуданд, куллан дигаргун шуда, алҳол, вақте ки оид ба фаъолияти ҳизб сухан ба миён меояд, намояндагони мақомот сахт ба изтироб меоянд. Ин, ба гуфтаи Р. Зойиров, дар ҳолест, ки Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ҳамеша дар мавқеъи конструктивӣ қарор доштааст.
Ба гуфтаи раиси ҳизб, дар чунин ҳолат онҳо дари кулли муассисаҳоро барои баргузории конфронс баста дарёфтанд. Раиси бахши вилоятии ҳизб Алим Шерзамонов мегӯяд, ҳатто дар меҳмонхонаи «Шаҳбоз»-и ноҳияи Шуғнон (мутааллиқ ба яке аз собиқ фармондеҳони аршади мухолифин дар минтақа), ки нахуст қарор буд конфронс дар он баргузор гардад, дар лаҳзаи ахир бино бар дахолати мақомот ва намояндагони амниятии вилоят ба онҳо ҷавоби рад доданд, аз ин сабаб онҳо маҷбур шуданд конфронсро дар як каҳвахонаи гӯшаи шаҳри Хоруғ гузаронанд.
XS
SM
MD
LG