Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Русия хурӯҷи нерӯҳо аз хоки Гурҷистонро мунтазиранд


Русия мегӯяд, нирӯҳои артишаш рӯзи душанбеи 18 август ба хуруҷ аз қаламрави Гурҷистон оғоз мекунанд.

Ин тааҳҳуди Маскав ба дунболи ҳам аз сӯи Тифлис ва ҳам аз ҷониби Маскав имзо шудани қарордоди оташбасест, ки бо миёнҷигии ИА ва шахсан раисҷумҳури Фаронса Никола Саркози таҳия шуда, бозгашти нирӯҳо ба мавқеъҳои то рӯзи 8 августро тақозо мекунад.

Дафтари раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, чунин тааҳҳуд дар бораи оғози хуруҷи нирӯҳо аз забони раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар гуфтугӯи телефонии ӯ бо Никола Саркози садо дод. Дафтари Саркозӣ мегӯяд, ки раҳбари Фаронса ҳамтои руси худро аз “пайомадҳои ҷиддӣ”-е ҳушдор дод, ки адами мурооти созишномаи оташбас аз сӯи Маскав метавонад дар равобити Русия бо ИА эҷод кунад.

Хабари омодагии нирӯҳои Русия ба хуруҷ аз хоки Гурҷистон ибтидо субҳи якшанбе аз забони генерал-майор Вячеслав Борисов, фармондеҳи нирӯҳои Русия дар минтақаи Горӣ берун омад. Генерал Борисов дар Горӣ ба хабарнигорон гуфт, табдили нирӯҳои артиш бо нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия дар ин минтақа шурӯъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи шанбе гуфт, кадом ҷадвали мушаххаси замоние дар мавриди хуруҷи нирӯҳои Русия мавҷуд нест ва пешрафт дар ин мавзӯъ ба иттихози тадобири изофии амниятӣ бастагӣ дорад.

Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар номае ба ҳамтои гурҷиаш Михаил Саакашвили гуфтааст, қарордоди оташбас ба нирӯҳои Русия дар ҳудуди чанд километр фаротар аз минтақаи низоъи Осетияи ҷанубӣ ҳаққи дидбонӣ медиҳад, аммо ҳар навъ тадобири изофии амниятӣ аз ҷониби Русия набояд боиси эҷоди маҳдудият ва ё хатар барои равуо ва ҳаракати озод дар роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан шавад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ рӯзи якшанбе вориди Тифлис шуд, то даъвати кишварҳои Ғарб аз Маскав ҷиҳати эҳтиром гузоштанаш ба муқаррароти созишномаи оташбаси имзошуда миёни Русия ва Гурҷистонро такрор кунад.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, ки аз манзилаш дар Кровфорди Техас сӯҳбат мекард, аз сӯи Маскав имзо шудани қарордоди оташбасро хабаре “умедворкунанда” номид, вале афзуд, дар ҳайъати Гурҷистон боқӣ мондани Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон набояд ҷойи шакк дошта бошад.

Бо ин ҳол, нирӯҳои Русия ҳамоно назорати шоҳроҳи калидии Гурҷистонро, ки аз соҳили Баҳри Сиёҳ то пойтахти он кишвар, шаҳри Тифлис тӯл мекашад, дар дасти худ нигоҳ доштаанд. Бино ба хабарҳои расида, нирӯҳои Русия дар масофаи ҳамагӣ 35 километр аз Тифлис дар қади роҳи шаҳри Горӣ сангар гирифтаанд. Ва вазорати хориҷаи Гурҷистон гуфтааст, ҷудоиталабони абхоз таҳти ҳимояти нирӯҳои Русия 13 русто ва як нирӯгоҳро дар манотиқи таҳти назорати Тифлис забт кардаанд. Вале манобеъи мустақил то ҳол ин хабарро тасдиқ ё радд накардаанд.

XS
SM
MD
LG