Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Аввалин корвон бо кумаки башарӣ ба Горӣ расид


Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон эълом дошт, ки бар асари ҷанг дар Осетияи ҷанубӣ беш аз 158 ҳазор нафар манзилҳои худро тарк гуфтаанд. Аз ин миён беш аз 98 ҳазор нафар дар қаламрави Гурҷистон беҷо шуда, 30 ҳазор нафар аз макони зисташон дар Осетияи ҷанубӣ хориҷ шудаанд. Тақрибан 30 ҳазор нафари дигар дар Русия панаҳ ёфтанд.

Ба иттилоъи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, рӯзи якшанбе нахустин корвони мошинҳо бо кумаки башарии ҷомеъаи байнулмилалӣ вориди шаҳри Горӣ шуд. Кормандони СММ мегӯянд, онҳо шаҳрро қариб, ки холӣ дарёфтанд ва дар он ҷо нишонаҳои ғорат зиёд ба чашм мехурад.
XS
SM
MD
LG