Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондализа Райс вориди Варшава мешавад


Кондолиза Райс, Котиби давлатии ИМА имрӯз барои имзои созиш оид ба мустақаршавии як бахши сипари мушаки амрикоӣ дар қаламрави Лаҳистон вориди Варшава хоҳад шуд. Дар ин бора хонум Райс дар сӯҳбат бо Fox TV хабар дод. Котиби давлатии Амрико қабл аз сафар ба Варшава дар Брюсел дар нишасти НАТО бахшида ба вазъи Гурҷистон ширкат хоҳад кард.

Маскав мухолифи тарҳи истиқрори сипари мушакии ИМА дар наздикиҳои марзҳояш мебошад ва онро хатар ба амнияти миллии Русия мехонад. Ахиран Маскав ҳушдор дод, ки дар сурати имзои созиши Варшава бо Вошингтон мили мушакҳои худро сӯи Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мегардонад. Ва аммо вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ин изҳороти мақомоти Маскавро “бепояву бунёд” номид ва гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба Чехия ва Лаҳистон ҳамла нахоҳад кард, зеро ин кишварҳо узви НАТО-янд.
XS
SM
MD
LG