Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Мушарраф паноҳгоҳи сиёсӣ намедиҳад


Иёлоти Муттаҳида нияти ба раисиҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф додани паноҳгоҳи сиёсиро надорад. Дар ин бора дар мусоҳиба бо ширкати телевизионии NBC Котиби давлатии Амрико Кондолиза Райс хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, “айни ҳол ин гуна имкон баррасӣ намешавад”.

Парвиз Мушарраф дар рӯ ба рӯи импичмент аз сӯи рақибони сиёсияш, ки аксари курсиҳои порлумони Покистонро соҳиб шудаанд, қарор дорад. Тибқи хабарҳо, мухолифини раисиҷумҳур хостори ба додгоҳ кашидани ӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG