Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди пуштибонии қавии Гурҷистон аз сӯи Меркел


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз дар Тифлис бо пешниҳоди пуштибонии қавӣ аз Гурҷистон гуфт, соъири ҷаҳон бар амалкардҳои Русия назорра дорад ва хуруҷи зудтари нирӯҳои Русия аз хоки Гурҷистон масъалаи, ба гуфтаи ӯ, “ҳусни эътимод” аст. Меркел гуфт, хуруҷи нирӯҳои Русия аз Гурҷистон бо суръате нест, ки ҷомиаи байналмилалӣ умед дошт. Меркел аз Маскав даъват кард, ҳаракаташ дар ин самтро суръат диҳад.

Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили низ гуфт, Тифлис хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русияро аз хоки Гурҷистон тақозо мекунад. Ангела Меркел ҳамчунин гуфтааст, Гурҷистон агар бихоҳад, узви паймони низомии НАТО хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG