Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Импичменти Мушарраф рӯзи сешанбе оғоз мешавад


Эътилофи ҳокими Покистон гуфт, раванди импичмент ё худ раъйи адами эътимод ба раисиҷумҳур Парвиз Мушаррафро дар парлумон рӯзи сешанбе, 19 август шурӯъ мекунад.

Хабаргузории Франс Пресс аз қавли вазири дифоъи Покистон Аҳмад Мухтор навишт, ки гуфтааст, аъзои эътилоф имрӯз тарҳи ниҳоии иттиҳомоти лозим барои импичментро баррасӣ хоҳанд кард, ки иттиҳомоте чун нақзи Қонуни асосӣ ва сӯъиистифода аз мақомро дар бар мегирад.

Дирӯз вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ гуфт, Мушарраф ба хотири ҳифзи худ аз импичмент 2 рӯз дар ихтиёр дорад, ки худ истеъфо диҳад. Аммо сухангӯи Мушарраф гуфт, ки ӯ довталабона истеъфо доданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол ҳол, вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфтааст, дар ҳоли ҳозир масъалаи эътои паноҳгоҳи сиёсӣ ба Парвиз Мушарраф дар Амрико матраҳ нест.

XS
SM
MD
LG