Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурзандоз Дилшод Назаров ҷойи 11-умро гирифт


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров рӯзи якшанбе дар даври ниҳоии мусобиқоти гурзандозӣ дар Бозиҳои Олимпии Пекин дар байни 12 нафар танҳо ба мақоми 11-ум даст ёфт.

Ба ин тартиб, аз 15 узви тими олимпии Тоҷикистон то имрӯз 10 нафар рақобатҳо дар Олимпиадаи Пекинро ба охир расондаанд. Гурзандоз Галина Митяева рӯзи 18 август, гуштигирон Валерий Карякин – рӯзи 19 ва Юсуф Абдусаломов – рӯзи 21 август ба рақобатҳои худ оғоз мекунанд.

Аммо мӯштзанони тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов рӯзҳои 19 ва 20 август дар даври чаҳорякниҳоӣ рақобат хоҳанд кард ва дар сурати пирӯзӣ метавонанд хазинаи медалҳои олимпии тими Тоҷикистонро, ки феълан аз танҳо медали биринҷии Расул Боқиев дар гуштии дзюдо иборат аст, бештар кунанд.

XS
SM
MD
LG