Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангандаҳои Эрон акнун то 3000 км парвоз мекунанд


Эрон мегӯяд, иқтидори ҳавопаймоҳои ҷангиашро тақвият додааст ва ҷангандаҳояш акнун қодиранд, ба масофаи тақрибан 3 000 километр бидуни такмили маводи сӯхт парвоз кунанд.

Телевизиони давлатии Эрон ин хабарро аз қавли фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Эрон генерал Аҳмад Миғонӣ нашр кард, вале Миғонӣ анвоъи ин ҷангандаҳо ва ҷузъиёти дигари марбут ба иқтидори онҳоро наовардааст.

Гузориш мушаххасан аз Исроил ном намебарад, вале чунин маънӣ медиҳад, ки ин ҷангандаҳо қодиранд то қаламрави Исроил, ки дар масофаи тақрибан 1000 километр аз Эрон қарор дорад, низ парвоз кунанд.

XS
SM
MD
LG