Пайвандҳои дастрасӣ

Генерали рус аз оғози хуруҷи нирӯҳо хабар додааст


Хабаргузории Ройтерс аз қавли як генерали рус навишт, хуруҷи нирӯҳои Русия аз бархе қисматҳои Осетияи ҷанубӣ оғоз ёфтааст. Генерал-майор Вчеслав Борисов гуфтааст, корвони нирӯҳои Русия бар асоси созишномаи оташбасе, ки рӯзи шанбе раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имзо кард, аз Тсхинвали озими кишвари худ мешаванд.

Аммо ин баёния ҳанӯз хабаре расман тасдиқношуда аст. Як мақоми гурҷӣ бидуни бурдани ном гуфтааст, ин на хуруҷ, балки танҳо табдили мақари нирӯҳои русӣ дар ҳамон минтақа аст.

Қарордоди оташбас бозгашти нирӯҳои Русия ба мавзеъҳои то таърихи 8 августро тақозо мекунад, аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи шанбе гуфт, кадом ҷадвали замоние барои хуруҷи нирӯҳо мавҷуд нест ва хуруҷи онҳо ба роҳандозии тадобири бештари амниятӣ бастагӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG