Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷагириҳои Кушнер аз бӯҳрони Гурҷистон


Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер гуфт, Гурҷистон дар низоъи низомӣ бо Русия ба “иштибоҳҳои бузург дар тасмимгириҳо” роҳ додааст, вале посухи Маскав, ки нирӯҳояшро ба умқи қаламрави Гурҷистон эъзом кард, “сароҳатан номутаносиб” буд. Бернар Кушнер дар мусоҳиба бо ҳафтавори “Ҷорнел де Диманш” аммо аз муттаҳам кардани кадоме аз ҷонибҳо дар шурӯъи ин низоъ худдорӣ варзид ва гуфт, “ҳанӯз фурсати навиштани таърих нарасидааст.”

Кушнер аз миёнҷиҳои умда дар таҳияи қарордоди миёни Гурҷистон ва Русия имзошуда оташбас буд.

XS
SM
MD
LG