Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷал барои Мушарраф фаро мерасад


Эътилофи ҳокими Покистон якшанбе, 17 августро барои раиси он ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф зарбулаҷал таъйин кардааст. Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, ки аз ҳизби мардумӣ намояндагӣ мекунад, гуфт, агар Мушарраф худ имрӯз канор наравад, ба раванди импичмент ё худ раъйи адами эътимод дар парлумон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Эътилофи ҳоким, ки аҳзоби мухолифи давлати Парвиз Мушаррафро муттаҳид мекунад, бино ба хабарҳо, пешнависи феҳрасти иттиҳомот алайҳи раисиҷумҳурро алакай омода кардааст. Бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир музокирот ҷиҳати таъйини замонатҳо барои Мушарраф, аз ҷумла тазмини масунияти ӯ аз таъқибот дар сурати истеъфояш, идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки дафтари Парвиз Мушарраф мегӯяд, ки ӯ истеъфо доданӣ нест, балки аз худ дифоъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG